Аз соати 10 имрӯз то соати 10 бегоҳ ҳомиёни ҳуқуқи инсон, фаъолони иҷтимоӣ ва сокинони оддии Москва бо иваз кардани ҳамдигар номи онҳоеро, ки дар солҳои саркӯби сталинӣ кушта шуданд, якояк ба забон хоҳанд овард. Номи хонаводагӣ, сину сол, касб, рӯзи қатл - тақрибан 2,5 ҳазор ном имрӯз дар майдони Лубянск садо хоҳанд дод. Бахши русии радиои Озодӣ аз иқдоми мазкур гузориши мустақим пахш мекунад.
Иқдоми "Эҳёи номҳо" аз сӯи созмони "Мемориал" аз соли 2006 ба ин тараф сурат мегирад. Бино бар иттилои ҳомиёни ҳуқуқи инсон, дар Москва дар солҳои "террори бузург" бештар аз 30 ҳазор одам кушта шудаанд.
Чунин иқдомҳо дар рӯзҳои наздик дар шаҳрҳои дигари Русия низ доир мешавад.