Ссылки доступа

Дар Вена гуфтушунид оиди Сурия бо ширкати Эрон шурӯъ шуд


Talks To End Syrian Civil War Begin In Vienna
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:31 0:00

Дар Вена гуфтушуниди вазирони хориҷаи чанд кишвар оид ба низои Сурия баргузор мешавад. Бори аввал аст, ки Эрон дар ин гуфтушунид ширкат мекунад.

Эрон ҳам мисли Русия аз ҷонибдорони асосии режими президенти Сурия Башор Асад аст. 29 октябр вазири хориҷаи Эрон Ҷавод Зариф бо вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ ва вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дидори як ба як дошт.

Баъдтар Ҷон Керрӣ бо вазирони хориҷаи Русия, Туркия ва Арабистони Саудӣ мулоқот кард. Имрӯз дар пойтахти Австрия мушовараи васеи ҷонибҳо доир мешавад. Ширкатдорони гуфтушунид талош доранд, ки натиҷаҳои мусбат ба даст оранд. Тақозои Москва ва Теҳрон ин аст, ки Башор Асад дар ҳукумати давраи гузариши Сурия боқӣ монад. Аммо ИМА, кишварҳои абарқудрати Ғарб ва иттифоқчиёни онҳо дар Ховари Миёна талаб доранд, ки президенти Сурия бидуни таъхир аз мақом барканор шавад.

XS
SM
MD
LG