Ссылки доступа

Олга Голодетс: «ҷони кӯдак ҷон аст ва фарқ надорад, ки миллаташ чист”


Ҳукумати Русия таҳқиқи дақиқи ҳодисаи марги кӯдаки панҷмоҳа аз Тоҷикистон дар Санкт-Петербургро талаб дорад, гуфт ба хабарнигорон муовини нахуствазири Русия Олга Голодетс.

«Парванда ба Кумитаи таҳқиқотӣ интиқол шудааст. Ва тамоми таҳқиқоти зарурӣ анҷом дода мешаванд, зеро ҳаёти кӯдак – ин зиндагии кӯдак аст ва фарқ надорад, ки кӯдак аз куҷост ва миллаташ чист”, - гуфт Голодетс.

Дар ҳамин ҳол раҳбари вазорати тандурустӣ Вероника Сквортсова ба бахши Росздравнадзор дар шаҳри Петербург дастур дод, ки ҳодисаи фавти кӯдаки панҷмоҳа Умаралӣ Назаров, ки аз волидайни муҳоҷираш гирифта шуда буд, таҳқиқ шавад.

Қаблан «Коммерсантъ» хабар дода буд, ки фавти фоҷиавии Умаралӣ Назарови панҷмоҳа ба мавҷи муроҷиатҳои муҳоҷирини тоҷики муқими Петербург ба ВКХ, ИФМ, Додситонии кулл, кумитаи Таҳқиқотӣ ва Вазорати тандурустӣ сабаб шудааст. Кӯдак 14 октябр дар бемористон баъд аз як рӯзи аз модараш ҷудо карданд фавтид. Модараш дар вайрони кардани муқаррароти қонуни муҳоҷират айбдор мешавад.

XS
SM
MD
LG