Ссылки доступа

Самарқанд ба сафари Ҷон Керрӣ омодагӣ мегирад


Интизор меравад Ҷон Керрӣ, ки аз 29 октябр то 3 ноябр бо нахустин сафари котиби давлатии ИМА ба кишварҳои Осиёи Марказӣ меояд, дар охири ҳафтаи ҷорӣ ба шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ташриф орад.

Сокинони Самарқанд хабар медиҳанд, ки ба далели ин сафар дар шаҳр иқдомоти бесобиқаи амниятӣ роҳандозӣ шудаанд.

«Да ҳамаи роҳҳои вурудӣ ба шаҳр постгоҳҳо гузошта шудаанд. Дар бозори «Сиёб» тозакунии кулл идома дорад ва бозор баста аст. Маъмурони милитсия аз ҳамаи кормандони бозор нусхаи шиносномаашонро ҷамъоварӣ мекунанд. Кормандони ниҳодҳои амниятӣ, оташнишонӣ ва милитсия ба ҳар ҳавлӣ дар атрофии оромгоҳи Гӯри Амир медароянд», - навиштааст ба “Озодлик” манбаъ дар Самарқанд.

Тибқи иттилои расмӣ интизор меравад дар дидори Ҷон Керрӣ бо вазирони хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар Самарқанд «мушкилоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» баррасӣ мешаванд.

Дар остонаи сафари Ҷон Керрӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бештаре аз созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи инсон аз котиби давлатии ИМА даъват карданд, ки дар мулоқоти худ мавзӯи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои минтақаро баррасӣ кунад.

XS
SM
MD
LG