Ин изҳороти вазири корҳои хориҷии Амрико пеш аз оғози конфронси Вена садо дод. Дар ин ҳамоиш намояндагони 18 кишвар ширкат мекунанд. Ба гуфтаи сиёсатмадорони баландпояи амрикоиву арабӣ, ИМА талош хоҳад кард, ки президенти Сурия Башор Асад на якбора, балки тадриҷан аз мақомаш канор равад ва то баргузории интихобот қудратро дар ихтиёри ҳукумати муваққат ва ё шӯро супорад.
Дар гуфтушуниди Сурия бори аввал аст, ки Эрон ҳам ширкат мекунад. Дар масъалаи Сурия ин кишвар ҳамроҳ бо Русия зидди мавзеъгириҳои кишварҳои ғарбӣ, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Қатар аст. Кишварҳои ғарбӣ ва чанд кишвари арабӣ исрор доранд, ки давраи гузариш ҳарчӣ кӯтоҳтар шавад, аммо Эрон ва Русия мехоҳанд, ин раванд фурасти бештареро дар бар гирад.