Ссылки доступа

ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ эъломияи ҳамкориро қабул карданд


Раҳбари вазорати корҳои хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ ва вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар гуфтушуниди Самарқанд бо пахши як баёнияи муштарак аз таъсиси гурӯҳи ҳамкории С5+1 хабар доданд.

Дар ин ҳуҷҷат талоши ширкаткунандагони музокирот ба ҳамкории амиқ дар масъалаҳои мухталиф зикр шудааст. Қабл аз ҳама ин кишварҳо барои муқобала бо тиҷорати инсон, қочоқи маводи мухаддир ва пуштибонӣ аз амният ва субот дар Афғонистон мусоидат мекунанд.

Ҷон Керрӣ раҳбарони ниҳодҳои умури хориҷии Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистонро бовар дод, ки аз нигаронии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар робита ба вазъият дар Афғонистон огаҳӣ дорад. Ба гуфтаи Керрӣ, ИМА таҳдиду хатарҳои гурӯҳҳои ифротгарои “Ал-Қоида” ва “Давлати исломӣ”-ро дарк мекунанд.

XS
SM
MD
LG