Фаолон дар Твиттер навиштаанд, ки ин зан Мария Рябикова будааст.
Чанде пеш фаолони давлатӣ ду маротиба ба эътирозгарон бо овезаҳои дорои чунин матн ҳамла карда буданд.
24 октябр афроди ношинос ба Владимир Ионови 75 сола ҳамла карданд, ки дар назди Осорхонаи таърихӣ, дар маркази Москва дар қатори эътирозгарон меистод. 29 октябр ба фаоли ЛГБТ ё ҳамҷинсгароён Рейд Линн ҳамла карда шуд, ки эътирози ҳамсонро дар назди истгоҳи метрои «Баррикадная» анҷом медод.