Ссылки доступа

Духтари хурдии раиси ҷумҳури Ӯзбекистон қасди расидан ба қудратро надорад


Духтари хурдии президенти Ӯзбекистон Лола Каримова-Тиллоева дар сафҳаи худ дар Instagram навиштааст, ки қасди расидан ба сари қудратро надорад.

«Дар зиндагии худ вазифаҳои зиёдеро гузоштаам ва миёни онҳо расидан ба сари қудрат нест», - омадааст дар изҳороти Каримова-Тиллоева, ки дар сафҳааш дар Instagram 30 октябр мунташир шуд.

Ахиран дар интернет сӯҳбатҳое матраҳ мешаванд, ки сафири Ӯзбекистон дар ЮНЕСКО ва бунёдгузори сандуқи хайрияи «Сен ёлғиз эмассан» («Ту танҳо нестӣ») метавонад ҷойгузини падари худ Ислом Каримов шавад, ки дар вазифаи президенти Ӯзбекистон 25 соли ахир ба ин кишвар раҳбарӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG