То имрӯз бештаре аз соҳибони мошинҳо барои кам кардани хароҷоти фурӯши мошин ваколатномаи эътимод медоданд. Нархи боҷи давлатӣ 80 сомонӣ муқаррар шуда буд. Агар соҳиби нави мошин мехост, ки мошин комилан дар номи вай сабт шавад, таҳияи ҳуҷҷатҳо 580-620 сомонӣ мешуд.
Дар раёсати БДАи ВКД Тоҷикистон изҳор доштанд, ки ба далели шаҳоднамоҳои печида ва ба чанд нафар додашуда, дар бархе мавридҳо мушаххас кардани соҳиби воқеии мошин хеле душвор шудааст. Ба ин далел Бозрасии давлатии автомобилӣ соҳибони қариб 5 ҳазор мошини вайронкунандаҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳро наметавонанд пайдо кунанд, ки маблағи ҷаримаҳояшон қариб 1 миллион сомонӣ шудааст.