Ссылки доступа

144 ҷасади қурбониёни суқути ҳавопаймо ба Петербург интиқол дода шуд


Русия ҷасади 144 қурбонии суқути ҳавопаймои ширкати Когалимавиа"-ро аз Миср ба Петербург интиқол дод.

Паз аз ташхиси пизишкӣ ва қонунӣ марҳилаи шиносоии ҷасадҳо оғоз мешавад. Интизор меравад рӯзи сешанбе дувумин ҳавопаймо бо аҷсоди қурбониёни ин фоҷиа вориди Русия шавад.

Ҳавопаймои ширкати ҳавоии "Когалимавиа" дар хатсайри Шарм-ул-шайх - Петербург парвоз анҷом медод, субҳи рӯзи шанбе суқут кард. Ҳамаи 224 сарнишини он ҳалок шуданд.

Мақомоти ҳавонавардии Миср бар инанд, ки фоҷиа зимни мушкили фаннӣ рух додааст.

Мудири иҷроияи Комиссияи байниҳукуматии ҳавонавардӣ (КБҲ) Виктор Сороченко мегӯяд, бино ба мушҳоидаи маҳалли фалокат ҳавопаймо ҳанӯз дар фазо пош хӯрдааст.

Рӯзномаи "Коммерсант" се эҳтимоли таркиши ҳавопайморо меорад, ки яке тағйири зуди фишори ҳаво дар дохили он аст, ки имкон дорад аз инфиҷори бомбаи кӯчак дар бордони он ба амал омадааст. Сабаби дигари ин фоҷеаро коршиносон мушкили вайрон шудани ҷузъҳои ҳавопаймо медонанд, ки дар пайи садами ин ҳавопаймо дар фурудгоҳи Коҳира дар соли 2001 рухдода комилан бартараф нашудаанд. Сабаби севвум муҳаррики вайрон унвон мешавад. Ҳангоми тахриби турбинаи ин муҳаррик ба гуфтаи коршиносон бастаҳои аз он ҷудо шуда метавонанд қанот ва тани ҳавопайморо ба мисли теғи арра бибуранд.

XS
SM
MD
LG