Раҳбари ҷиноҳи ҲСДҚ Чинибай Турсунов хабар дод, ки барои таъсиси ҷиноҳи аксарият бо раҳбарони ҳамаи ҷиноҳҳои порлумон гуфтушунид анҷом додааст.
Ба гуфтаи вай музокирот тақрибан анҷом ёфтааст. Дар пайи он тавофуқ бар сари сохтори ЖогоркуКенеш ва ҳукумат ҳосил шудааст.
Пештар хабар дода шуда буд, ки ҷиноҳҳои "Қирғизистон", "Ата Мекен" ва "Онугуу-Прогресс" ризоият додаанд, ки ба ин ҷиноҳ шомил шаванд.
Дар ҳамин ҳол ҷиноҳи "Бир Бол" аз ширкат дар ин ҷиноҳ худдорӣ карда, тасмим гирифт, ки ақаллияти мухолиф бошанд.