Ссылки доступа

Иқтисоддони 39-сола раҳбари Бонки миллии Қазоқистон шуд


Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев имрӯз фармони тайини Данияр Акишевро ба вазифаи раиси Бонки миллии Қазоқистон имзо кард.

Пеш аз ин, имрӯз сенат ё маҷлиси болоии порлумон барои таъйини Акишев ба мақоми раиси Бонки миллӣ ризоият дод. Дар муроҷиа ба вакилони сенат Назарбоев хабар дода буд, ки тасмим гирифтааст Кайрат Келимбетовро аз вазифаи раиси Бонки миллӣ озод кунад. Дар матни ин муроҷиатнома гуфта шудааст, ки феълан "эътимод ба бонкҳо ва пули миллӣ коҳиш ёфта", дар кишвар камбуди корбарии тенге мушоҳида шуда, камшавии сармоягузорӣ ба назар мерасад. Президенти Қазоқистон ин оморро "нишондиҳандаҳои бад" унвон карда, изҳор дошт, ки барои ислоҳи онҳо "бояд кор кард". "Бовар дорам, ки донишу таҷрибаи Акишев ба ҳалли ин масъалаҳо кӯмак мекунанд", - зикр шудааст дар муроҷиатномаи Назарбоев.

Данияр Акишеви 39-сола пештар дар Бонки миллӣ кор мекард. Қаблан вай дар бахши таҳқиқот ва омор буда, сипас раҳбарии онро бар зимма гирифт. Дар замони раҳбарии Бонки миллӣ аз сӯйи Анвар Сайденов вай ба вазифаи муовини раис расид ва дар ин вазифа аз соли 2007 то соли 2014 ифои вазифа кардааст. Дар моҳи августи соли 2014 вай ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ ба кор гузашт ва раиси бахши бозрасии иҷтимоиву иқтисодӣ тайин шуд. Сипас ӯро муваққатан ба вазифаи ёвари раиси ҷумҳур тайин карданд.

XS
SM
MD
LG