Ссылки доступа

"Истиқлол" пеш аз мӯҳлат қаҳрамони Тоҷикистон шуд


Тими футболи "Истиқлол" аз Душанбе қабл аз мӯҳлат қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон шуд.

1 ноябр дар бозии даври 16-ум сабқати қаҳрамонии Тоҷикистон тими "Хуҷанд", ки дар ҷойи дуввуми мусобиқот қарор дорад, дар бозӣ бо тими низомиёни пойтах бозиро бо ҳисоби 2:3 бохт. Ба ин тартиб "Истиқлол" бо 43 имтиёз аз рақибони худ дур рафт ва қаҳрамони чаҳоркарартаи кишвар шуд.

Ин тим дар солҳои 2010, 2011 ва 2014 пирӯзи мусобиқоти бозиҳои футболи лигаи олии Тоҷикистон шудааст.

Номзади асосӣ ба симмати муовини қаҳрамонӣ тими "Хуҷанд" аст. Барои ҷойи севвум тимҳои "Равшан", "Хайр" ва "Регар-ТадАЗ" миёни ҳам рақобат мекунанд.

Дар бозии даври 16-уми мусобиқот "Равшан" дар майдони худ бар "Вахш" бо ҳисоби 3:0 ва "Хайр" низ дар майдони худ бар "Далерон-Ӯротеппа" бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд.

Боз як бозии ин давра 2 ноябр миёни тимҳои "Барқи тоҷик" ва "Регар-ТадАЗ" дар Душанбе баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG