Чунин изҳороти Лавров дар матлабе дар шумораи 2 ноябри рӯзномаи ҳукуматии "Российская газета" баён шудааст.
"Ҳамон гуна, ки борҳо президент Владимир Путин изҳор дошта буд, мо минбаъд низ аз ҳуқуқҳои ҳаммиллатон ҳимоят карда, барои ин кор аз ҳамаи шароитҳое, ки онҳоро муқаррароти байналмиллалӣ пешбинӣ кардааст, истифода хоҳем кард", - омадааст дар матлаби нашршудаи Лавров.
Ин матлаб дар остонаи дар Москва ифтитоҳ шудани Анҷумани байналмиллалии ҳамватанони рус, ки дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд, чоп шудааст.