Ссылки доступа

ИМА ва Қазоқистон аз раванди Минск барои Украина ҳимоят карданд


ИМА ва Қазоқистон изҳор доштанд, ки созишҳои Минск ба унвони ягона роҳи ҳалли ниӯоъ ва таъмини субот дар манотиқи шарқии марзии Украина пуштибонх мекунанд.

Дар ин бора дар баёнияи ниҳоии дидори котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ бо вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисов дар Остона зикр шудааст.

ИМА аз тасмими Қазоқистон барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Украина ва ҳамчунин пешсафии Қазоқистон дар таъмини амният ва рушди Афғонистон ва ҳамгироии иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ истиқбол кард.

Ҳар ду ҷониб вазифадор шуданд, ки ҳамкориҳои худ дар заминаи пешгирӣ аз хатароти терроризм ва ифротгароиро тақвият диҳанд. ИМА ба Қазоқистон барои ташкили ҳамоиши минтақавӣ барои муқобала бо ифротгароӣ дар моҳи июни соли 2015 арзи сипос карданд.

Душанбе макони дигари сафари Керрӣ ба Осиёи Марказист ва интизор меравад дар ин ҷо ӯ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор дошта бошад.

XS
SM
MD
LG