Ссылки доступа

Гурӯҳи норозии толибон раҳбари нави худро интихоб кард


Бино бар хабарҳои расида ҷиноҳи ҷудошудаи толибони афғон раҳбари худро интихоб кард.

Мулло Ахтар Мансур дар моҳи июл баъд аз он, ки хадамоти иктишофии Афғонистон хабари ду сол қабл фавтидани Мулло Умарро эълом кард, фармондеҳи «Толибон» интихоб шуд. Мулло Мансур муовини раҳбари фавтидаи толибон буд.

Як манбаъ, ки аз ифшои номаш худдорӣ мекунад, хабар дод, ки толибони ҷудошуда, ки аз раҳбари нав розӣ нестанд, Мулло Муҳаммад Расул Охундро фармондеҳи худ интихоб карданд. Боз як узви ин ҷунбиш изҳор дошт, ки Охунд «беш аз 10 дар канори Мулло Умар ва яке аз шахсони мавриди эътимоди вай буд».

Баъд аз фавтидани Мулло Умар боз як гурӯҳи толибон аз ҷунбиши асосӣ ҷудо шуда, ба созмони террористии «Давлати исломӣ» савганди садоқат ёд кард.

XS
SM
MD
LG