Ссылки доступа

Қазоқистон омодагии низомии нерӯҳои зиддиҳавоиро санҷид


Раҳбарияти нерӯҳои зиддиҳавоии (НЗҲ) Қазоқистон санҷиши омодагии низомии ҷузъу томҳои низомии гарнизонҳои Талдиқурғон ва Уштобинскро анҷом доданд, хабар медиҳад рӯзи сешанбе маркази матбуотии вазорати мудофиа.

Хабар дода мешавад, ки дар чаҳорчӯби омодагии низомӣ наҳваи идоракунии ҳавопаймоҳо аз сӯйи халабонҳо дар баландии миёна ва паст санҷида шудаанд.

Дар вазорати мудофиа мегӯянд, ки ин иқдом барои санҷиши омодагии ҳайъати низомии гарнизонҳо барои иҷрои вазифаҳои гузошташударо ҳадаф дошт.

XS
SM
MD
LG