Ссылки доступа

Дар Бразилия кӯдаки якунимсола мори заҳрнокро газида куштааст


Дар шаҳри Мостарадаси вилояти Риу-Гранди-ду-Сули Бразилия кӯдаки якуним сола бо номи Лорентсо дар ҳавлӣ мори заҳрнокро дида, онро то маргаш хоидааст. Дар ин бора Radio Gaucha хабар медиҳад.

Модари кӯдак Ҷейн Ферейра гуфт, ки ҳангоме рӯи ҳавлӣ мебарояд, мебинад, ки писарчааш бо мор бозӣ мекунаду ӯро бо дандончаҳояш мегазад ва дастону рӯяш пури хун аст. Ин зан афзудааст, ки водор шудааст шавҳарашро даъват кунад, то Лорентсо морро аз дастонаш раҳо созад, хабар медиҳад lenta.ru.

Баъд аз ин ҳодиса кӯдак ба бемористон интиқол дода шудааст. Духтурон нишонаҳои заҳролудшавиро ошкор накарда, волидайни кӯдакро мутмаин сохтаанд, ки ба саломатии кӯдак чизе таҳдид намекунад.

XS
SM
MD
LG