Ссылки доступа

Котиби давлатии ИМА сафараш ба Осиёи Марказиро анҷом дод


Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ густариши муколамаи чандҷонибаи ИМА бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама бо Туркманистонро таъкид кард.

Зимни суханронӣ дар Ашкобод қабл аз дидор бо президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов котиби давлатии ИМА изҳор дошт, ки сафараш ба Туркманистон нахустин сафар ба ин кишвар аз соли 1992 будааст.

Керрӣ таъкид кард, ки ҳангоми мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ дар Самарқанд сӯҳбати муфиде дар мавриди рушди иқтисодӣ, вазъи сарҳадҳо ва амният сурат гирифта буд.

Пеш аз ин Керрӣ аз Душанбе дидан кард ва ба президент Эмомалӣ Раҳмон пуштибонии кишвараш аз мубориза бо исломгароёни паноҳёфта ва омодагии ИМА барои тақвияти ҳифозати марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро баён дошт.

Ба ин тартиб Керрӣ сафараш ба панҷ кишвари Осиёи Марказиро анҷом дода, дар ин муддат аз Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дидан кард.

XS
SM
MD
LG