Дар ин бора ба «Азаттик» дар раёсати милитсияи вилоятӣ хабар доданд.
Тибқи ин иттилоъ дар марзи миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон 11 мавриди даргирӣ ва дар марз бо Ӯзбекистон 10 мавриди даргирӣ рух додаанд. Ҳамчунин мавориди истифода аз аслиҳа низ рух дода, қурбониён низ ҳастанд.
Барои пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳо намояндагони милитсияи се кишвар борҳо дидорҳое анҷом додаанд.
Дар соли 2014 дар ин вилоят 41 мавриди даргирии марзӣ рух додааст.