Ссылки доступа

ИМА ва Русия чораҳои пешгирӣ аз садамаҳои ҳавоӣ дар Сурияро озмуданд


Ҳавопаймоҳои ИМА ва Русия барои санҷиши муқаррароти нави амнияти парвозҳо дар фазои Сурия дар масофаи ҳашт километр аз ҳамдигар парвоз карданд.

Ин муқаррарот барои пешгирӣ аз бархӯрд миёни нерӯҳои ҳавоии ду кишвар таҳия ва роҳандозӣ шудаанд. Вашингтон, ки а пуштибонии Кремл аз раҳбари Сурия Башор Асад мухолиф аст, аз амалиёти ҳавоии Москва, ки 30 сентябр оғоз шуд, шадидан интиқод мекунад.

ИМА имкони ҳамоҳанг сохтани амалиёти низомӣ дар қаламрави Сурия бо Русияро рад мекунад. Бо ин вуҷуд ин ду кишвари абарқудрат дар моҳи октябр ду санади ҳусни тафоҳуми амниятӣ, аз ҷумла наҳваи тамос дар сурати ба ҳам наздик омадани ҳавопаймоҳо дар фазоро ҳамоҳанг сохтанд. Ба изҳороти Пентагон ин санҷиш қариб се дақиқа идома кардааст. Русия ин амалро тамрини муштараки низомӣ номид. Дар Вашингтон таъкид мекунанд, ки чунин арзёбии ин амал саҳеҳ нест ва сухан танҳо аз санҷиши муқаррарот меравад.

XS
SM
MD
LG