Ссылки доступа

Ба хориҷиён иҷозаи хидмат дар артиши Украина дода шуд


Раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко қонунеро имзо кард, ки имкон медиҳад шаҳрвандони хориҷӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи Украина хидмат кунанд.

Дар ин бора сомонаи маркази матбуотии раёсати ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Тибқи ин хабар ҳамакнун омодабошии низомии нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва ниҳодҳои дигари низомӣ баланд бурда мешаванд ва «кишвар чанд ҷузъу томи низомии теъдодашон то як ҳазорнафарии ба амалиёти низомӣ омода ва таҷрибадорро дар ихтиёр хоҳад дошт».

Дар хабари маркази матбуотии президенти Украина омадааст, ки аз ҳисоби ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ниёз ба даъвати изофии шаҳрвандони Украина хидмати ҳарбӣ дар марҳилаҳои ҳассос аз байн меравад.

6 октябр Радаи Олӣ ба хидмати низомӣ шаҳрвандони хориҷӣ ва нафарони бе шаҳрвандӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Украина иҷоза дод.

XS
SM
MD
LG