Ссылки доступа

Ноҷӯрии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар мавриди пули ягона


Кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии авруосиё (ИИАО) ба роҳандозии пули ягонаи эътилоф нигоҳи гуногун доранд.

Чунин изҳоротро вазири рушди иқтисодии Русия Александр Тсимбулский дар Ереван дар ҳамоиши байниминтақавии ду кишвар изҳор дошт. Аммо вай мушаххасан нагуфт, ки кадоме аз кишварҳои узви ин иттиҳод чӣ мавзеъ доранд.

Вале вай зикр кард, феълан 34% амалиёти тиҷоратӣ миёни кишварҳои узви ИИАО бо пули миллӣ анҷом дода мешаванд ва корҳо барои афзоиши ин рақам идома доранд.

Ахиран изҳороти мақомоти баландпояи ИИАО барои худдорӣ аз истифодаи доллар ва евро зимни амалиёти тиҷоратӣ зиёд мушоҳида мешаванд.

XS
SM
MD
LG