Ссылки доступа

Зарбаи бӯҳрон ба даромади муаллимон ва духтурони Тоҷикистон


Вазоратҳои маориф ва тандурустии Тоҷикистон тасмим гирифтанд ҳаҷми кори кормандони ин ниҳодҳоро коҳиш диҳанд ва ба ин тартиб даромади ҳармоҳаи муаллимон ва духтурон камтар мешавад.

Бештаре аз духтурон ва муаллимон, ки то охири сол афзоиши маоши худро интизор буданд, ҳеҷ умедвор набуданд, ки даромади онҳо на танҳо афзоиш намеёбад, балки баръакс коҳиш дода мешаванд. Аз ҷумла ба муаллимон ва духтурон иҷоза дода шудааст, ки танҳо ба ҳаққи як андозаи кор масъулият дошта бошанд, ҳарчанд пештар маоши онҳо баробари якуним андозаи корӣ буд.

Дар ҳамин ҳол дар вазоратҳои маориф ва тандурустии Тоҷикистон тасмими коҳиши даромаҳои ҳармоҳаи кормандони худро ба бӯҳрони иқтисодӣ марбут намедонанд.

Саломуддин Юсуфӣ, намояндаи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ хабар дод, ки дар мушовараи вазоратхона дар мавриди коҳиши андозаи кори кормандони тиб тасмим гирифта шуд, то аз ин ҳисоб кормандони бекормонда ба муассисаҳои дигари ниёзманди кадр гузаронида шаванд.

XS
SM
MD
LG