Чунин тасмимро вакилони порлумон дар ҷаласаи дирӯзаи худ гирифтанд.
Тибқи қоида қабл аз овоздиҳӣ бояд баррасии масъала сурат гирад. Аммо то охири рӯзи корӣ теъдоди алоқамандони саволдиҳӣ ба номзад ба вазифаи нахуствазирӣ Темир Сараев то ба даҳҳо нафар расид. Ба ин далел тасмим шуд, ки муҳокима ва овоздиҳӣ ба рӯзи дигар гузаронида шаванд.
Бино бар нақшаи пешниҳодшуда шумори муовинони нахуствазир бояд аз 4 то 3 нафар коҳиш дода шавад. Ҳамчунин интизор меравад, ки теъдоди вазоратҳо аз 14 то ба 12 адад коҳиш ёбанд. Кам кардани миқдори агентиҳои давлатӣ аз 28 то 24 адад низ пешбинӣ шудааст.