Ссылки доступа

Назарбоев бо маликаи Бритониё дидор ва гуфтугӯ кард


4 ноябр дар Лондон раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар қасри Букингем, ки ӯро дар он ҷо посбонони фахрӣ истиқбол карданд, бо маликаи Бритониё Елизаветаи II мулоқот кард.

Як рӯз пештар нахуствазири Бритониё Дэвид Камэрон дар маросими имзои қарордодҳо ба маблағи умумии 4,6 миллиард доллар изҳор дошт, ки кишвари худ ва Қазоқистонро «шарикони тавсеа ва рушд” медонад. Вай аз ҷумла тарҳҳои муштарак дар бахши истихроҷи газ ва оҳангудозиро асоси робитҳаи тиҷоратии миёни ду кишвар унвон кард.

Фаолон ҳукумати Бритониёро дар он айбдор карданд, ки вай манфиатҳои кориро болотар аз суди ҳимояи ҳуқуқи инсон мегузорад. Аммо намояндагони нахуствазир зикр карданд, ки дар сӯҳбат бо Назарбоев масоили ҳуқуқи инсон матраҳ шудаанд. Аз Лондон президенти Қазоқистон бояд озими Фаронса шавад.

XS
SM
MD
LG