Москва ҳузури низомии заминии худ дар Сурияро тақвият медиҳад ва ин кор барои ҳимоят аз ҳуҷуми артиши Сурия бар зидди ошӯбгарон сурат мегирад, изҳор дошт ёвари котиби давлатӣ дар умури кишварҳои Аврупо ва Авруосиё Виктория Нуланд.
Вай ҳамзамон амалиёти ҳавоии Москва дар Сурияро, ки харҷи ҳамарӯзааш аз 2 то 4 миллион доллар арзиш дорад, «бемаънӣ» номид. Тибқи арзёбии Нуланд, зарбаҳои ҳавоӣ ба маҳалҳои аҳолинишин равона шудаанд.
Нуланд ин матлабро 4 ноябр дар ҳузури Кумитаи корҳои хориҷии Маҷлиси намояндагон матраҳ кард. Дар ин Кумита вай якҷо бо ёвари котиби давлатӣ дар умури Ховари Миёна Энн Паттерсон бо танқиди сахти сиёсати ИМА дар Сурия рӯбарӯ шуд.
«Мудохилаи низомии Русия вазъияти бе он ҳам мураккабро боз ҳам душвортар сохт», - гуфт Паттерсон. «Москва рӯйирост дурӯғ мегӯяд, ки террористон ҳадафи ин зарбаҳо қарор гирифтаанд, аммо то ҳол аз 85 то 90% зарбаҳо ба мухолифони мӯътадил ва сокинони осоишта расидаанд», - зикр кард вай.