Ссылки доступа

Ҳавопаймои афтода дар Судони Ҷанубӣ моли ширкати тоҷикистонӣ будааст


Ҳавопаймои АН-12, ки дар Судони Ҷанубӣ суқут кард, моли ширкати ҳавоии тоҷикистонии Asia Airways будааст.

Ба гуфтаи Нарзиқул Ҳамроев, мудири кулли Asia Airways ин ҳавопаймо аз сӯйи ширкати ҳавоии украинии Allied Services Limited, ки дар Аморати Муттаҳидаи Арабӣ сабти ном шудааст, истифода мешуд. Теъдоди қурбониёни ин садамаи ҳавоӣ на камтар аз 25 нафар аст.

Ин садамаи ҳавоӣ қариб 800 метр дуртар аз хатти парвози фурудгоҳи Ҷуба рух додааст.

Дар дохили ҳавопаймо 12 мусофир ва 6 нафар халабонҳо буданд. Панҷ нафари халабонҳо арманитабор ва як нафар рус будаанд. Ҳамаи 12 нафар мусофирони кушташуда ва се нафари ҷон ба саломат бурда шаҳрвандони Судон будаанд. Сабаби ин садама то ҳол рӯшан нест.

XS
SM
MD
LG