Ссылки доступа

Арзиши пули миллии Белорус коҳиш дода мешавад


Раиси ҷумҳури Белорус Александр Лукашенко фармонеро имзо кард, ки тибқи он аз 1 июли соли 2016 дар кишвар коҳиши қиммати пули миллии кишвар – рубл анҷом дода мешавад.

Дар ин бора хадамоти матбуотии президент Лукашенко хабар медиҳад. Қарор аст аз арзиши феълии пули миллии рубли Белорус чаҳор рақами сифр ҳафз карда шаванд.

Тибқи ин фармон то 31 декабри соли 2016 ивази пулҳои қоғазии барориши соли 2000 ба пулҳои қоғазӣ ва тангаҳои барориши соли 2009 анҷом дода мешавад. Қабули ҳамаи пулҳои барориши 1 июли соли 2016 дар ҳамаи муассисаҳо ҳатмист.

Шакли зоҳирии пулҳои нави белорусӣ мутобиқи шиори “Кишвари ман – Белорус” аст. Дар Бонки миллӣ зикр карданд, ки то 1 июли соли 2016 зимни пардохтҳои нақдӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Белорус гардиши пулҳои барориши соли 2000 идома мекунад.

XS
SM
MD
LG