Дар тарҳи ин кодекс ба кордиҳанда имкониятҳои васеътар дода мешавад, ки қарордодҳои меҳнатиро ба таври якҷониба тағйир диҳад ё қатъ кунад.
Пайдо шудани чунин муқарраротро таҳиякунандагони ин тарҳи кодекс - вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ ба "вазъи бади иқтисод" бастагӣ медиҳанд.
Дар тарҳи кодекси меҳнат ба корфармо ҳақ дода шудааст, ки дар сурати аз кор мондани корхона кормандро ба ҳар ҷойи кории озоде гузаронад, ки вазъи саломатии коргар ба он имкон медиҳад. Ҳамчунин дар назар аст, ки ба корфармо ҳақ дода шавад дар сурати ба синни нафақа расидани корманд, қарордоди корро бо ӯро қатъ кунад.
Бархе аз раҳбарони ниҳодҳои ҳуқуқи кормандон аз ин тарҳи кодекси меҳнат интиқод карданд. Намояндагони ниҳодҳои коргарони арсаи истихроҷи нафт ба президент Нурсултон Назарбоев муроҷиат карда, хостори радди ин тарҳ шудаанд.