Ссылки доступа

Манбаъ дар ҳукумати ҶТ: дар Сурия ва Ироқ 300 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд


Яке аз ҷиҳодиёни тоҷик, ки дар Сурия кушта шуд.
Яке аз ҷиҳодиёни тоҷик, ки дар Сурия кушта шуд.

Як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар Сурия ва Ироқ камтар аз 200 шаҳрванди ин кишвар монда, бархе аз онҳо талоши бозгашт доранд.

Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки тибқи иттилои онҳо, дар Сурия ва Ироқ беш аз 300 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд.

Ҷангиёни тоҷики "Давлати исломӣ" дар Сурия ва Ироқ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буданд, дар як моҳи охир комилан хомӯш шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки далели хомӯшии онҳо ин аст, ки бештаре аз онҳо кушта шудаанд. Бештаре аз онҳое, ки зинда мондаанд, ба гуфтаи мақомот, пушаймон буда, талош доранд ба ватан баргарданд.

Ҳанӯз ду сол пеш ҷавонони тоҷик бо нашри наворҳои видеоӣ ва аксҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳузури худ дар Сурия ва Ироқ хабар медоданд.

Бино бар омори ахир, теъдоди ҷавонони тоҷики ба "Давлати исломӣ" пайваста беш аз 500 нафар будаст. Акнун мақомот мегӯянд, ки беш аз 300 нафари он кушта шудаанду беш аз 50 нафар ба ватан баргаштаанд ва дар Сурия ва Ироқ камтар аз 200 нафар мондаанд.

XS
SM
MD
LG