Ба гуфтаи манбаҳои "Озодлик" (Бахши ӯзбекии радиои "Озодӣ") дар ниҳодҳои интизомӣ низомиён ва маъмурони ниҳодҳои интизомии Тошканд таҳти назорати афсарони Идораи амнияти миллӣ қарор дода шудаанд.
- Аллакай 18 соат мо беист дар ду баст кор мекунему ҳатто ба хона намеравем. Ба ио истифода аз телефонҳои ҳамроҳ манъ шудааст, - мегӯяд манбаи "Озодлик" дар ниҳодҳои интизомии ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд.
Дар бораи сабабҳои ба ҳолати омодабош гузаштани ниҳодҳои қудратӣ чизе гуфта нашудааст. Аммо дар ҳафтаи гузашта Идораи амнияти миллии Ӯзбекистон изҳор дошта буд, ки ҷангиёни дар пайи ҳуҷумҳои нерӯҳои давлатии Сурия, Ироқ ва Афғонистон фироркарда, талош доранд, дар қаламрави Ӯзбекистон сарпаноҳ пайдо кунанд.
То ҳол ниҳодҳои амниятии Ӯзбекистон омори дақиқи ҷангиёне, ки талош доранд ба қаламрави Ӯзбекистон ворид шаванд, эълом накардаанд. Аммо дар тамоми кишвар иқдомоте барои бештар кардани огаҳии мардум идома дорад.