Пештар шабакаи телевизионии Си-Эн-Эн бо такя ба манбаҳои зикрнашуда дар идораи иктишофии ИМА хабар дод, ки ҳавопаймои А-321 аз таркиши бомба дар нимҷазираи Синай суқут кард. Бахши мисрии гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” масъулияти суқути ҳавопаймои ширкати русии “Когалимавиа”-ро ба зимма гирифт.
Мақомоти Русия ва Миср даъват карданд, ки анҷоми таҳқиқоти расмии сабабҳои сарнагунии ҳавопайморо интизор бошанд.