Ссылки доступа

Отамбоев раҳбарони ниҳодҳои қудратиро иваз кард


Раиси ҷумҳур Алмазбек Отамбоев Жанибек Капаровро фармондеҳи Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон таъйин кард.

Асанбек Алимкожоев, ки то ин вақт вазифаи фармондеҳи Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистонро иҷро мекард, аз ин мақом барканор карда шуд.

Бо фармони дигар Марат Кенжесариев раҳбари Кумитаи давлатии умури дифоъ тайин шуд.

Бусурманкул Табалдиев аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ озод ва ба вазифаи мушовири раиси ҷумҳур тайин карда шуд. Табалдиев аз соли 2013 раиси КДАМ буд.

Абдил Сегизбаев ба вазифаи раиси КДАМ тайин шуд. Қаблан Сегизбаев дар вазифаи муовини раҳбари ин ниҳод кор мекард. Аз ин пештар вай дар вазифаи мушовири раиси ҷумҳур дар умури масоили сиёсати иттилоотӣ кор кардааст.

Ҳамчунин Икрамжан Илмиянов ба вазифаи мушовирӣ тайин карда шуд. Қаблан вай вазифаи муовини раҳбари дастгоҳи раиси ҷумҳурро иҷро мекард. Дар баҳори соли ҷорӣ вай дар пайи ҷанҷоле дар атрофи нашрияи «Вечерний Бишкек» аризаи истеъфо навишта буд. Баъд аз ин ҳодиса вай ба унвони номзад дар интихоботи порлумонӣ ширкат кард.

XS
SM
MD
LG