Ссылки доступа

Назарбоев Олландро бо ордени "Достик" қадрдонӣ кард


Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар ҷараёни дидор бо президенти Фаронса Франсуа Олланд ба ӯ ордени "Достик" дараҷаи аввалро тақдим кард.

Дар мулоқоти Париж ҷонибҳо чанд санадеро имзо карданд, хабар медиҳад маркази матбуотии раиси ҷумҳури Қазоқистон.

Дар поёни музокирот санади ҳусни тафоҳуми миёни раиси ҷумҳури Қазоқистон ва президенти Фаронса имзо шуданд; қарордод дар бораи ширкати Фаронса дар намоишгоҳи байналмиллалии ЭКСПО-2017 дар Остона; санади ҳусни тафоҳум дар бораи талошҳо дар арсаи тавсеаи ҳамкориҳо миёни кумитаи кайҳонии Қазоқистон ва маркази миллии пажӯҳишҳои кайҳонии Фаронса; ёддошти тафоҳуми вазорати маориф ва илми Қазоқистон ва вазорати маълумоти олӣ ва илми Фаронса.

Раиси ҷумҳури Қазоқистон бо сафари расмӣ 5 ноябр вориди Фаронса шуд ва пештар вай бо раҳбарони ширкатҳои бонуфузи Фаронса мулоқот карда, дар он бозаргонони фаронсавиро даъват кард, ки дар хусусисозии корхонаҳои Қазоқистон фаъол бошанд.

XS
SM
MD
LG