Ин матлабро президенти Қирғизистон дар ҷаласаи порлумони ин кишвар матраҳ кард.
Ба гуфтаи вай, интихоботи гузаштаи порлумонӣ нишон дод, ки барои таблиғоти пешазинтихоботӣ чӣ қадар маблағҳои зиёд сарф мешаванд.
"Дар интихоботи президентӣ низ ҳамин хел хоҳад шуд - ҳама сарватмандон талош мекунанд, ки кишварро раҳбарӣ кунанд. Хеле умедворам, ки ба раҳбарии кишвар Максим Боқиеви нав намеояд, ки кишварро "дӯкону" мардуми онро гӯсфанд мепиндорад, - гуфт Отамбоев. - Бояд шахси сазовор интихоб шавад".
Отамбоев афзуд, нафароне, ки дар интихоботи президентӣ миллионҳоро сарф мекунанд, талош хоҳанд кард, ки баъд аз расидан ба қудрат ин маблағҳои сарфкардаро аз роҳи ғорати мардум баргардонанд. "Ба ин кор набояд роҳ дод", - афзуд раҳбари кишвар.