Ссылки доступа

Кӯмаки ИМА ба нерӯҳои посдори сулҳи Тоҷикистон


Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба воҳиди нерӯҳои сулҳхоҳи вазорати мудофиаи ин кишвар панҷ адад мошини замонавӣ ва як синфи муҷҷаҳази омӯзишӣ тақдим кард.

Маросими эътои панҷ адад "ҷип" дар маҳалли истиқрори баталони нерӯҳои посдори сулҳи вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Душанбе рӯзи ҷумъаи 6 ноябр баргузор шуд. Дар ин маросим раҳбарияти вазорати мудофиа ва масъулони сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон ширкат карданд.

Ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон маблағи умумии кӯмак беш аз 1 миллион долларро ташкил додааст.

Сафорати ИМА аз соли 2009 ба ин сӯ ба вазорати мудофиаи Точикистон ба маблағи 6,5 миллион доллар кӯмакҳо кардааст.

XS
SM
MD
LG