Ссылки доступа

Дар Украина вазири адлияи давраи Янукович боздошт шуд


Ба иттилои ниҳодҳои интизомии украинӣ дар чаҳорчӯби таҳқиқи тирпарронӣ ҳангоми тазоҳуроти соли 2014 дар кишвар, ки дар пайи он режими президент Виктор Янукович сарнагун гашт, собиқ вазири адлия Алена Лукаш боздошт шудааст.

Дар муддати аз 18 то 20 феврали соли гузашта ба ҳангоми гирдиҳамоиҳои эътирозӣ дар Майдан аз сӯйи тирзанҳои нишонрас беш аз 100 нафар кушта шуданд. Муфаттишон то ҳол натавонистаанд, шахсонеро муайян кунанд, ки дар ин қатлҳо даст доштанд.

5 ноябр Идораи амнияти Украина гуфт, ки Лукаш, ки дар он замон вазорати адлияи кишварро раҳбарӣ мекард, боздошт шудааст. Дар зудтарин фурсат додгоҳ бояд зидди вай айбномаро эълом кунад.

Дар навори видеоие, ки дар нишасти хабарӣ дар Киев намоиш дода шуд, Лукаш мегӯяд, ки "якҷо бо ҷосуси иктишофӣ барои додани баёнот" озими додситонӣ аст. Вай изҳор дошт, ки мавриди фишор қарор нагирифтааст ва ихтиёран барои "анҷоми сӯҳбати муқаррарӣ бо кормандон"-и идораи амниятӣ меравад.

XS
SM
MD
LG