Машқҳои муштарак аз ду марҳила иборат ҳастанд. Марҳилаи нахустин дар охири моҳи октябр дар маркази омӯзишии "Корла" дар минтақаи худмухтори Синтсзян-Уйғури Чин баргузор шуда буд. Дар он низомиёни ду кишвар "навҳаи поксозӣ ва маҳви террористони шартӣ" дар минтақаи ҳаммарзро тамрин карданд.
Марҳилаи дуввуми машқҳо 5 ноябр дар Қазоқистон, дар тамрингоҳи Коктал оғоз шуд. Низомиён амалиёти шартии низомӣ барои маҳви гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳро тамрин мекунанд.