Ссылки доступа

Назарбоев дар расонаҳои бритониёӣ ҳам ситоиш ва ҳам танқид мешавад


Сафари раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Лондон дар расонаҳои бритониёӣ бозтоби яксон надошт.

Дар ҳоле, ки рӯзномаи бонуфузи бритониёии Financial Times матлабҳоеро зери унвони «Қазоқистон дар пайи зарбаи бӯҳрон нақшаи бесобиқаи хусусисозиро муаррифӣ мекунад» ва «Қазоқистон зидди хатарҳои иқтисодӣ аз мудирияти беҳтар кор мегирад» нашр карда бошад, рӯзномаи пурнуфузи дигари бритониёии Guardian дар ду матлаби худ аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон интиқод кардааст. Яке аз ин матлабҳо «Раҳбари Қазоқистонро набояд бо ин шукӯҳ дар Бритониё пазируфт» унвон шудааст.

Дар матлаби ахир гуфта шудааст, ки ҳарчанд тиҷорати бритониёӣ метавонад «аз робитаҳои қавӣ бо Қазоқистон» суде дошта бошад, ҳамзамон ин кор ба бештар шудани фақр ва идомаи зулм мусоидат карда, аз ин роҳ ҳукумати худкомаро тақвият медиҳад.

Рӯзномаи бритонии Express худи малика Елизаветтаи Дуввумро барои пазироии бошукӯҳаш якҷо бо герсогҳои Эдинбург ва Йорк мавриди танқид қарор гирифт. Он дар матлабе бо номи «Малика бо худкомаи қазоқ Назарбоев ғизо мехӯрад, ки хешовандаш ба Эндрю се миллион фунти бештар аз арзиши манзилаш пардохтааст» аз ҳокимияти Назарбоев интиқод кард ва онро худкома номид.

XS
SM
MD
LG