Ссылки доступа

Дар Қирғизистон маҳбусонро ба «сурх» ва «сиёҳ» тақсим мекунанд


Идораи иҷрои ҷазоҳо мехоҳад, маҳкумшудагонро ба гунҳкорони ҷиноятҳои вазнин ва кормандони собиқи ниҳодҳои интизомӣ тақсим кунад.

Ба гуфтаи раҳбари муассисаи №27 дар деҳаи Молдовановкаи вилояти Чуй Омурбек Қадиралиев ҳоло дар ин зиндон танҳо маъмурони собиқи ниҳодҳои интизомӣ ва қудратӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

- Мо як бинои махсусеро ба сурати алоҳида нигаҳбонӣ мекунем. Ин қисмати зиндон “минтақаи сурх” номида мешавад. Мо дар бораи амнияти онҳо ғам мехӯрем, зеро вақте маъмури милитсия ба зиндон меафтад, ӯро касе бо хушҳолӣ пазироӣ намекунад ва баръакс ӯ пайваста мавриди таҳқир қарор мегирад. Ба ин далел мо ба “сурху” “сиёҳ” тақсим мекунем.

Омурбек Қадиралие афзуд, ки то охири сол ба ин зиндон аз маҳбасҳои дигар собиқ маъмурони ниҳодҳои интизомӣ интиқол дода мешаванд. Ҳамчунин дар ин маҳба маҳкумшудаҳои барои ҷиноятҳои вазнин ҷудогона нигаҳдорӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG