Ссылки доступа

Дар Душанбе ба кормандони комиссaриати ҳарбӣ ҳамла сурат гирифтааст


Дар ҳамлаи афроди ношинос ба кормандони комиссариати низомии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ду нафар кушта ва ду нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ин ҳодиса, ки муноқиша унвон мешавад, тахминан соати 07.20 субҳи 7 ноябр дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе рух додааст. Дар ин ҳодиса лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев, майор Пӯлод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи комиссариати низомӣ Рустам Саъдуллоев ҳадафи ҳамла бо корд қарор гирифта, маҷрӯҳ шудаанд ва ҳамлагарон аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд.

«Мирзоев ҷароҳатҳои сангин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҷони худро аз даст дод ва боқимондаҳо дар бемористон бистарӣ шудаанд. Баъд аз чанд соати ин ҳодиса Насибов низ дар бемористон ҷони худро аз даст дод. Барои ошкор сохтани шахсияти ҳамлагарон амалиёти ҷустуҷӯӣ анҷом дода мешаванд», - зикр мекунад ВКД.

XS
SM
MD
LG