Ссылки доступа

БҶ: гармшавии иқлим ба қашшоқии миллионҳо нафар сабаб мегардад


Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, агар чораҳои зарурӣ дида нашавад, тағйири иқлим ба зиндагии сахти зиёда аз сад миллион нафар аз аҳолии ҷаҳон сабаб хоҳад шуд.

Дар гузорише, ки 8 ноябр мунташир шуд, омадааст, ки ин гурӯҳи мардум зери хатари оқибатҳои сахти табиӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла, хушкӣ, гармо ва обхезӣ қарор мегиранд.

«Онҳо беш аз дигарон осеб хоҳанд дид, зеро аз низоми молӣ ва ҳимояи иҷтимоӣ»-и зарурӣ бархурдор нестанд, зикр шудааст дар гузориш.

Аз 30 ноябр то 11 декабр дар Париж ҳамоиши СММ дар робита ба мубориза бо тағйири иқлим баргузор мешавад. Ҳадафи ин ҳамоиш – қарордоди байналмиллалӣ барои пешгирӣ аз афзоиши ҳарорати ҳаво дар миқёси ҷаҳонӣ аст.

XS
SM
MD
LG