Ссылки доступа

Сарбозон ва техникаи ҳарбии Русия берун ва дур аз пойгоҳҳои он дар Сурия дида шудаанд


Бино бар аксҳои блогнависони гурӯҳи Conflict Intelligence Team, низомиён ва техникаи ҳарбии Русия дар Сурия дар беш аз 100-километрии пойгоҳҳои он дар Латакиё ва Тартус дида шудаанд.

Фаъолон аскҳои дар шабакаҳо нашршудаи низомии русро аз бригадаи ҷудогонаи 74-уми тирандоз ташхис кардаанд. Зимни пажӯҳиши дақиқсозии аксҳои дар Сурия наворгирифта (низомӣ худ кишвари аксбрадорӣ шуданро мушаххас кардааст), фаъолон ба хулосае расиданд, ки низомӣ савори мошини боркаши КАМАЗ буда, аз шаҳри Ҳамо мегузарад, ки дар беш аз 100 километрии пойгоҳи ҳавоӣ дар Хмеймим дар Латакия воқеъ аст. Дар аксҳое дигаре, ки эҳтимолан тавассути низомии бригадаи 810-уми сарбозони баҳрӣ Владимир Болдирев нашр шудаанд, фаъолони CIT иддао доранд, ки низомиён дар назди роҳи мошингарди Димишқ-Ҳалаб аксбрадорӣ шудаанд. Ҳамчунин блогерҳо ба Instagram-и эҳтимолан низомии бригадаи ҷудогонаи 16-уми Раёсати ҷосусии низомӣ Иля Горелих истинод мекунанд. Вай аксҳоеро аз Ҳалаб ва Ҳумс нашр кардааст.

Ба иттилои CIT, низомиёни рус дар наздикии маҳалли даргириҳо миёни нерӯҳои давлатӣ бо гурӯҳҳои мухталифи ошӯбгар мушоҳида шудаанд.

Амалиёти низомии Русия дар Сурия 30 сентябр оғоз шуд. Дар ҳамин ҳол Кремл борҳо иддао мекунад, ки танҳо ба мавқеъҳои гурӯҳи ифротгарои “Давлати исломӣ” зарбаҳо зада мешаванд. Мақомоти рус изҳор медоранд, ки Москва ҳадафи анҷоми амалиёти низомии заминиро надорад. Аммо дар вазорати мудофиа изҳор доштаанд, ки Русия метавонад ба ҳукумати Сурия аслиҳа интиқол диҳаду кӯмакҳои машваратӣ расонад. Мухолифони Сурия ва ҳукуматҳои ғарбӣ изҳор медоранд, ки Русия бо нерӯҳои ошӯбгарои мухолифи режими Башор Асад меҷанганд.

XS
SM
MD
LG