Ссылки доступа

$10000 ҷоиза барои маълумот дар бораи қотилони кормандони комиссариати низомӣ


ВКД Тоҷикистон аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар, ки дар бораи шахсият ва маҳалли будубоши гумонбарони ҳамла ба кормандони комиссариати низомӣ иттилоъ доранд, хост, ба ниҳодҳои интизомӣ хабар диҳанд.

Ба нафароне, ки иттилои дақиқро хабар медиҳанд, 10 ҳазор доллари амрикоӣ ҷоиза дода мешавад. ВКД ваъда медиҳад, ки исми афроди хабардода дар бораи гумонбарон ба ҳамла махфӣ хоҳад монд.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон изҳор дорад, ки қатли ду корманди комиссариати низомии ноҳияи Синои пойтахт ба даъвати маҷбурӣ ё ба истилоҳ “облава” рабт надорад. Ба гуфтаи раҳбари маркази матбуотии ин ниҳод Фаридун Маҳмадалиев, комиссариати низомии ноҳияи Сино яке аз аввалинҳо шуда, 2 ноябр нақшаи даъват ба сафи артишро иҷро кардааст.

​Маҳмадалиев зикр кард, ки ин ҳодиса берун аз маҳалли комиссариати низомии ноҳияи Сино рух дода, сабаҳои он то ҳол рӯшан нест.

Ба иттилои ВКД кишвар, шахсонаи ношинос ба чаҳор корманди комиссариати низомии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамла карда, ба онҳо корд задаанд ва аз маҳалли ҳодиса фирор кардаанд. Дар ин ҳамла майор Пӯлод Мирзоев дар ҷойи ҳодиса кушта шуда, боқимондаҳо ба ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ шудаанд. Прапоршик Ҳамза Насибов дар бемористон фавтидааст.

XS
SM
MD
LG