Ссылки доступа

Боздоштшудаҳои Ӯзбекистонро дар талоши сафар ба Сурия айбдор мекунанд


Як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Ӯзбекистон ба агентии хабарии 12news.uz хабар дод, ки гурӯҳи шаҳрвандони ин кишвар, ки теъдодашон хабар дода намешавад, талош доштаанд ба гурӯҳи суриягии “Жаннат ошиқлари” (“Ошиқони ҷаннат”) пайваст шаванд.

Гурӯҳи “Жаннат ошиқлари” ҳамчунин бо номи “Тавҳид вал-Ҷиҳод” (ТВҶ) машҳур аст, ки дар вилояти Ҳалаб ҷойгир буда, бештаре аз аъзои он ӯзбектаборонанд. Ахиран ин гурӯҳ ба ҷунбиши террористии “Ал-Қоида” савганди садоқат додааст.

Ба навиштаи расонаҳои ӯзбекӣ дар бораи ин боздошшудаҳо метавон хулоса кард, ки аъзои ин гурӯҳ ахиран барои таблиғи мардум барои пайвастан ба сафи ин гурӯҳ дар Ӯзбекистон фаъол шудаанд.

Ба иддаои хабаргузории 12news.uz шаҳрвандони боздоштшудаи ӯзбек аз ҳамтоёни худ дар Қирғизистон дастур мегирифтаанд. Аммо ҷузъиёти ин дастурҳо хабар дода намешавад.

Дар моҳи март Қирғизистон фаъолияти гурӯҳҳои террористии ТВҶ, “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат-ал-Нусра” ва боз як гурӯҳи ӯзбекии “Имом Бухороӣ Ҷамоати”-ро манъ кард. Ин амал аз густариши фаъолияти гурӯҳи ТВҶ дар ин кишвар хабар медиҳад.

Дар моҳи март Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон хабар дод, ки қариб 80% шаҳрвандони кишвар, ки ба гурӯҳҳои ҷиҳодӣ дар Сурия пайвастаанд, ӯзбектаборанд.

XS
SM
MD
LG