Ссылки доступа

Дар Туркия тоҷику қирғизҳои пайрави "Давлати исломӣ" боздошт шудаанд


Дар Туркия панҷ шаҳрванди Қирғизистон, ду нафар аз Тоҷикистон ва даҳҳо нафар аз кишварҳои дигар боздошт шуданд, ки эҳтимолан талош доштаанд ба сафи гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» (ДИ) бипайванданд, хабар медиҳад имрӯз бахши қирғизии радиои Азаттик.

Боздоштшудагон шаҳрвандони ҳафт кишваранд: 14 нафар шаҳрвандии Озарбойҷонро доранд, ҳафт нафар аз Индонезия омадаанд ва панҷ нафарӣ аз Ироқ, Қирғизистон, се нафар аз Эрон ва ду нафарӣ аз Тоҷикистону Афғонистон.

Дар миёни боздоштшудагон 10 зан ва 15 кӯдак низ ҳастанд. Бо гумони талош барои интиқоли шаҳрвандони хориҷӣ ба минтақаи таҳти назорати ДИ дар Сурия ду нафар ҳабс шудаанд. Баъд аз анҷоми муқаррароти зарурӣ боздоштшудагон дар ихтиёри идораи муҳоҷират барои ихроҷи минбаъда қарор дода шудаанд.

XS
SM
MD
LG