Ссылки доступа

Остона даъват кард, ки нархи нон «сиёсатзада» нашавад


Вазири кишоварзӣ Асилҷан Мамитбеков аз вакилон хост, ки болоравии нархи нон дар кишварро сиёсӣ насозанд.

«Мо набояд ин мавзӯъро сиёсӣ кунем, ин як мавзӯи иқтисодӣ аст ва мо бояд ин баҳсҳоро хотима диҳем. Дуруст аст, ки ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа бояд кӯмак карда шавад. Ин аст мавқеи мо», - иқтибос овардаанд хабаргузориҳо аз суханони Мамитбеков.

Ба гуфтаи Мамитбеков, набудани сармоягузориҳо ва технологияҳои нав дар ин арса натиҷаи мудохилаи давлат ба ин умур шуд. Мамитбеков зарурати гузариш аз танзими нархи нон ба расонидани кӯмакпулиҳо ба ниёзмандонро ба зарурати сарфаи маболиғи будҷа арзёбӣ кард. Вай гуфт, ки махориҷи давлат барои ҳифзи нархи нон дар панҷ-шаш соли гузашта ҳамасола беш аз шаш миллиард тенге буд.

Мамитбеков иддао дорад, ки арзон кардани нон танҳо барои ниёзмандон имкон медиҳад, ки харҷи давлат то 1,5 миллиард тенге (камтар аз панҷ миллион доллар) камтар карда шавад.

XS
SM
MD
LG