Ссылки доступа

Русия бори аввал эҳтимоли амали террористӣ нисбати Airbus-ро эътироф кард


Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев бори аввал эҳтимоли сарнагунии ҳавопаймои мусофирбари русиро дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ иқрор кард.

Дар мусоҳиба бо "Российская газета" раҳбари ҳукумати Русия гуфт: "Албатта, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки сабаби суқути ин ҳавопаймо амали террористӣ бошад".

Мақомоти Бритониё, ИМА, Исроил ва коршиносони байналмиллалӣ эҳтимол мезаданд, ки дар дохили ҳавопаймои "Когалимавиа" бомба таркидааст. Дар Русия ва Миср изҳор медоранд, ки барои чунин натиҷагирӣ бояд анҷоми таҳқиқотро интизор шуд. Баъд аз чанд соати суқути ин ҳавопаймо дар биёбони мисрӣ ифротгароёни марбут ба созмони террористии "Давлати исломӣ" масъулияти ин фоҷиаро бар дӯш гирифта, изҳор доштанд, ки ин амали террористӣ барои интиқом ба амалиёти ҳарбӣ-низомии Русия дар Сурия анҷом дода шудааст.

6 ноябр бо дастури раиси ҷумҳур Владимир Путин парвози ҳавопаймоҳо ба Миср қатъ гашт. Ҳавопаймо аз Шарм-ул-Шайх ба Санкт-Петербург парвоз мекард. Дар ин фоҷиа ҳамаи 224 нафар мусофирон ва халабонҳову меҳмондорони ҳавопаймо ҷони худро аз даст доданд. Хабаргузории Reuters бо истинод ба манбаъҳои бидуни зикри ном дар ҳукумати ИМА аз сабти сӯҳбатҳое хабар дод, ки тибқи онҳо мақомоти русӣ эътироф мекунанд, ки тарикш сабаби фоҷиа шудааст.

XS
SM
MD
LG