Намояндагони расона ва раҳбари маркази тибби тибетии "Жас-Ай" Жасан Зекейлӣ, ки барои қатъи чопи расона ба мӯҳлати ним сол ва пардохти "ҷуброни маънавӣ" ба маблағи 400 миллион тенге (қариб як миллиону 300 ҳазор доллар) даъво дорад, мавқеи худро баён мекунанд. Даъвогар ҳамчунин талаб дорад, ки масъулони расона аз ӯ расман ва ба таври хаттӣ узрхоҳӣ кунанд.
Сабаби ин муҳокимаи додгоҳӣ матлабе дар бораи ЖасанЗекейули "Академик" отбаси мен сот тасипжур" ("Академик" бо хонаводаи худ суд мешавад") шуд, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар ин нашрия чоп шудааст.
Додгоҳ муҳокимаи ин парвандаро 12 октябр шурӯъ кард.